Ба гузориши хабарии Абно бо истинод ба Ал-Масӣра, Яҳё Сарӣ, сухангӯи нерӯҳои мусаллаҳи Яман эълон кард: дар тӯли 24 соати гузашта, эътилофи таҳти раҳбарии Арабистони Саудӣ 62 ҳамлаи ҳавоӣ ва мушакӣ алайҳи пойтахт, Саноъ, ва чанд вилояти дигар анҷом дод.
Сухангӯи нерӯҳои мусаллаҳи Яман баён кард: ҷангандаҳои F-15-и саудӣ ҳамлаҳои ҳавоӣ алайҳи ҳадафҳои ғайринизомӣ дар Саноъ, Маъриб, Саъда, Лаҳҷ ва Таъиз анҷом доданд. Дар ҷараёни ин ҳамлаҳо, шуморе аз шаҳрвандони бегуноҳ, аз ҷумла занон ва кӯдакон, шаҳид ва маҷрӯҳ шуданд.
Ӯ пештар дар ин бора таъкид карда буд: маҷмӯи ҳамлаҳои ҳавоӣ ва мушакӣ, ки эътилофи таҳти раҳбарии Риёз аз оғози шадидшавии танишҳои ахир алайҳи кишвари мо анҷом дод, ба 2855 маврид расидааст.
Your Comment